Май 21, 2018 18:56 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати хориҷаи Фаластин дар маҳкумияти интиқоли сафорати Парагвай ба Қудс

Вазорати хориҷаи Фаластин иқдоми Парагвай дар интиқоли сафорати худ ба Қудси ишғолиро маҳкум кард.

Вазорати хориҷаи Фаластин дар баёнияе иқдоми Парагвайро душмании возеҳ бо мардуми Фаластин донист ва таъкид кард, ин иқдом ҳуқуқ ва муоҳидоти байналмилалии мардуми Фаластинро зери по гузошта ва иқдоме ғайриқонунӣ аст.

Вазорати хориҷаи Фаластин тасреҳ кард, дар ростои муқобила бо иқдоми раисҷумҳури Амрико дар интиқоли сафорати Амрико ба Қудс, парвандаи интиқоли сафорати Парагвай ба Қудсро низ пайгирӣ хоҳад кард.

 

Барчасп