Июн 30, 2018 16:54 Asia/Dushanbe
  • Омодабоши артиши режими саҳюнистӣ дар марз бо Сурия

Низомиёни режими саҳюнистӣ дар марзҳои Сурия, ба ҳолати омодабоши комил даромадаанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин дар ҳоле аст, ки  даргириҳо миёни нируҳои артиши Сурия ва гурӯҳҳои террористӣ дар ҷануби ин кишвар ташдид шуда ва нируҳои артиши Сурия ба тарафи марзҳои Исроил пешравӣ мекунанд.

Артиши Исроил дар марзҳои Сурия ба ҳоли омодабош даромада ва сатҳи омодагии худро дар баландиҳои Ҷавлони ишғолӣ афзоиш дод.

Исроил аз ҷанги июни соли 1967 баландиҳои Ҷавлон, каронаи бохтарии рӯди Урдун ва шарқи Қудсро ишғол кардааст.

Гузориши дигар ба нақл аз канали ҳафти телевизиони режими саҳюнистӣ ҳокӣ аст, аз оғози соли ҷории милодӣ токунун 16 ҳазор шаҳракнишини саҳюнист ба Масҷидулақсо таарруз кардаанд.

Масҷидулақсо ба ҷавлонгоҳи низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист барои аз байн бурдани ҳувияти исломӣ ва масеҳии Байтулмуқаддас ва ҷойгузин кардани он бо намодҳои саҳюнизм, табдил шудааст.

 

Барчасп