Июл 10, 2018 18:39 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми эъдом барои шумори дигаре аз шаҳрвандони шарқи Арабистон

Режими Оли Сауд ҳукми эъдоми ду шаҳрванди дигар дар шарқи Арабистонро содир кард.

Додгоҳи кайфарии Риёз дар идомаи сиёсати фишор бар мардуми шиаи шарқи Арабистон, ду нафари дигар аз аҳолии шаҳри Қатифро ба эъдом ва як ҷавони дигарро ба 23 сол зиндон маҳкум кард.  

Додгоҳи кайфарии Арабистон, ҳеҷ тавзеҳе дар бораи иттиҳомоти ин се ҷавон ироа накардааст.

Бархе рӯзномаҳои наздик ба режими Оли Сауд иддао карданд, иттиҳоми ин шаҳрвандон эҷоди ноамнӣ, хисорат ба байтулмол ва талош барои эҷоди фитна ва шикоф дар Арабистон будааст.

 

Барчасп