Июл 19, 2018 13:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба полоишгоҳи Риёз марҳалаи ҷадиди ҷанг дар Яман

Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини артиш ва кумитаҳои мардумии Яман махзани захирасозии полоишгоҳи нафти “Арамко” дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудиро ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд, ки манобеи Cаудӣ низ ба анҷоми ин ҳамла иқрор карданд.

Руъёҳои Арабистон дар Яман рӯз ба рӯз дар ҳоли ранг бохтан аст. Достони ҷанг алайҳи Яман дар ҳоли табдил шудан ба кобӯси бузург барои Оли Сауд аст. Солҳои аввали ин ҷанг, ин Оли Сауд ва муттаҳидонаш буданд, ки сирфан ҳамлакунанда буданд, аммо акнун варақ дар ин ҷанг баргаштааст. Рӯзе пойгоҳи низомӣ, рӯзе фурудгоҳ, рӯзе атрофи кохи подшоҳӣ ва рӯзе низ полоишгоҳи Риёз ҳадафи ҳамалоти мушакии артиш ва нерӯҳои мардумии Яман қарор мегиранд.

“Худкардаро тадбир нест”, далели вазъияти имрӯзи Арабистони Саудӣ дар Яман аст. Оли Сауд ҷангеро оғоз кард, ки наметавонад онро поён диҳад, зеро ҳадафаш аз ин ҷанг бозгардонидани он чӣ ки “машруият” номиданд ва манзур аз он низ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии фирорӣ ва мустаъфии Яман ба қудрат ва ҳамчунин тазъифи ҷойгоҳ ва то ҳадди имкон ба ҳошия рондани “Ансоруллоҳ” дар Яман буд. Аммо ҳам хиёнати Мансур Ҳодӣ барои мардуми Яман собит шуд ва ҳам ин ки “Ансоруллоҳ”  ба эътиқоди таҳлилгарон ва огоҳон ба умури Яман, муттаҳидтарин нерӯи сиёсӣ дар ин кишвар аст, ки ба содагӣ қобили нодида гирифтан нест.

Танҳо як ҳафтаи дигар чиҳилумин моҳи ҷанги Арабистони Саудӣ алайҳи Яман ба поён мерасад. Ҳамлаи мушакии рӯзи гузашта ба полоишгоҳе дар шаҳри Риёз таҳаввули боаҳамияте дар ин ҷанг аст, зеро дар сурате, ки “Арамко” мавриди ҳамлаи такрорӣ қарор гирад, шараёни иқтисодии Арабистони Саудӣ аз кор хоҳад афтод. Ҳамла ба полоишгоҳе дар Риёз ба ҳадде дорои аҳамият аст, ки Шараф Ғолиб Луқмон, сухангӯи артиши Яман онро марҳалаи ҷадиде аз иқдомҳои боздорандаи Яман дар муқобили таҷовузи саудиҳо унвон кард.

Ин ҳамла зимни ин ки баёнгари ин аст, ки саудиҳо дигар дар ин ҷанг сирфан ҳамлакунанда нахоҳанд буд ва бояд мунтазири ҳамлаҳои мушакии яманиҳо низ бошанд, дар айни ҳол собит мекунад, ки тавонмандии дифоии Арабистон низ ба гунае нест, ки қобилияти дафъи ҳамлаҳои мушакии яманиҳоро дошта бошад. Ба иборати дигар, ин ҳамлаҳои мушакӣ осебпазирии дифоии Арабистони Саудиро собит мекунад. Арабистоне, ки пас аз Амрико ва Чин севумин будҷаи низомии бартарро дар ҷаҳон дорад.

Дар ҳамин росто, рӯзномаи исроилии “Ҳооретз” навишт: “Бо вуҷуди ҳамкории густурдаи Иморот бо Арабистон дар ҷанг алайҳи Яман, аммо низомиёни Саудӣ бо як нокоромадии систематикии дарунӣ мувоҷеҳ ҳастанд”.

Ба назар мерасад, гузашти замон дар ин ҷанг ба нафъи Арабистони Саудӣ нест, зеро ҷанг тайи 40 моҳи гузашта нишон дод, ки артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо гузашти замон бар тавонмандии дифоии худ афзудаанд ва дар муқобил арабистониҳо, ки аз нерӯҳои зархариди хориҷӣ баҳра мегиранд, осебҳои бештаре мебинанд. Газанский, пажӯҳишгари аршади муассисаи таҳқиқоти амнияти миллии донишгоҳи Тел-Авив дар ин хусус мегӯяд: “Саудиҳо аз соли 1991 дар ҷанге ширкат накардаанд, аммо ҳусиҳо таҷрибаи чанд даҳаи ҷанги чирикӣ ва партизаниро дар корномаи худ доранд, ки шикасти онҳоро душвор месозад”.

 

Барчасп