Июл 21, 2018 20:04 Asia/Dushanbe
  • Идомаи эътирозҳо ба тасвиби қонуни кишвари яҳуд дар парлумони режими саҳюнистӣ

Эътирози кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии исломӣ ба тасвиби қонуни кишвари яҳуд дар парлумони режими саҳюнистӣ (Кнессет) идома дорад.

Юсуф Бен Аҳмад Алусаймин, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ бо судури баёнияе таъкид кард: Қонуни “кишвари яҳуд” як қонуни нажодпарастона ва ботил аст ва ҳуқуқи таърихии миллати Фаластинро нодида гирифтааст.  

Вай маҷомеи ҷаҳониро ба мухолифат бо ин қонун ва муқобила бо тамомии қавонин ва сиёсатҳои нажодпарастонаи режими Исроил фаро хонд.

Вазорати хориҷаи Сурия низ тасвиби қонуни кишвари яҳудро маҳкум ва эълом кард, агар ҳимояти беҳадду ҳасри давлатҳои Амрико аз режими саҳюнистӣ набуд, ин қонун наметавонист тасвиб шавад.  

Дар Лубнон низ раисҷумҳур, раиси маҷлис, ҷунбиши Ҳизбуллоҳ ва чанд ҳизб ва гурӯҳи дигар тасвиби қонуни кишвари яҳудро маҳкум карданд ва онро гоми дигаре дар роҳи яҳудисозии Фаластин донистанд.  

Мишел Авн, раисҷумҳури Лубнон бо интиқод аз кишварҳои арабӣ дар баробари таҷовузҳои режими Исроил ба ҳуқуқи миллати Фаластин гуфт: Таърих, сукути аъробро мусовӣ бо таҷовузи Исроил ба сарзамин ва зулм ба миллати Фаластин хоҳад донист.

Донишгоҳи Алазҳари Миср ҳам тасвиби қонуни нажодпарастонаи кишвари яҳудро дар парлумони режими саҳюнистӣ маҳкум кард.  

Дафтари ҷунбиши ҷаҳонии таҳрими Исроил (Би Ди Эс) дар Малайзия низ дар вокуниш ба иқдоми ахири парлумони режими саҳюнистӣ эълом кард: Исроил бо тасвиби қонуни ҷадид ба дунё собит кард, ки режиме нажодпараст аст, ки бояд таҳти таҳрими ҷаҳонӣ қарор гирад.

 

Барчасп