Интиқоди Муҳаммадалӣ Ҳусӣ аз ҳамроҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ
(last modified 2018-09-15T15:23:05+00:00 )
Сентябр 15, 2018 20:23 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Муҳаммадалӣ Ҳусӣ аз ҳамроҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ

Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман эълом кард, кӯтоҳ омадани созмонҳои байналмилалӣ дар баробари ҳамалоти террористии кишварҳои узви эътилофи мутаҷовизи Саудӣ алайҳи Яман, боис шуд, ки онҳо амдан муртакиби ҷиноёт шаванд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадалӣ Ҳавсӣ, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман имрӯз (шанбе) аз ҳамроҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо «ҷиноёт»-и эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, интиқод кард ва гуфт, ҳамалоти ҳавоӣ ба анборҳои Созмони Милал ҳомили маводи ғизоӣ дар Ал Ҳудайда, дар идомаи тарҳ ва барномаи аз пеш таъйин шудаи эътилофи Саудӣ, барои иҷрои амалиёти террористии худ дар ҳадаф қарор додани анборҳо ва манотиқи маскунӣ сурат гирифтааст.

Ҳавсӣ рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Сафҳаи “Твиттер”-и худ дар бораи ҳамалот ва таҷовузоти эътилофи Саудӣ ба анборҳои ниҳодҳои байналмилалии ҳомили маводи ғизоӣ ва манотиқи маскунӣ дар Ал Ҳудайда ҳушдор дода буд.

Ҷангандаҳои Саудӣ дирӯз (ҷумъа) анбори маводи ғизоии Созмони барномаи ҷаҳонии ғизоро дар Ал Ҳудайда ҳадаф қарор доданд.

Вай аз ҳамаи ниҳодҳои байналмилалӣ хост ба фаъолияти худ идома диҳанд то ин фурсат барои мутаҷовизон алайҳи Яман, ҷиҳати бомбаборони анборҳои Созмони барномаи ҷаҳонии ғизо фароҳам нашавад.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомиӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ, мунҷар шудааст.

 

 

 

Барчасп