Сентябр 22, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди шаҳидони роҳпаймоии бозгашт ба 184 нафар расид

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, низомиёни режими саҳюнистӣ аз ибтидои роҳпаймои «ҳаққи бозгашт» токунӯн 184 фаластинӣ, аз ҷумла 32 кӯдак ва ду занро ба шаҳодат расондаанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Фаластин ал Явм, Ашраф ал Қадраҳ, сухангӯи вазорати беҳдошти Фаластин дар гузорише эълом кард, теъдоди маҷрӯҳон аз оғози роҳпаймоиҳои ҳаққи бозгашт дар марзи борикаи Ғазза бо Фаластини ишғолӣ ба 20472 нафар расида, ки беш аз 5ҳазор нафар бо гулӯлаи ҷангӣ, захмӣ шудаанд.

Ашраф ал Қадраҳ афзуд, ҳоли 448 нафар аз маҷрӯҳон вахим аст.

Роҳпаймоии ҳаққи бозгашт аз 30 марти 2018 дар ростои таъкид бар ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ ва лағви муҳосираи борикаи Ғазза бо ҳузури шаҳрвандони фаластинӣ дар навори марзии ин борика бо сарзаминҳои ишғолӣ, оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.

Аз сӯи дигар, ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар сояи ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Амрико ва бе кифоятии ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусӯс  Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар, ҳамчунон идома дорад.

 

 

Барчасп