Октябр 20, 2018 11:57 Asia/Dushanbe
  • Арабистон қатли рӯзноманигори мунтақидро таъйид кард

Арабистони Саудӣ саранҷом ба таври расмӣ кушта шудани Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудиро дар консулгарии ин кишвар дар Истанбул таъйид кард.

Додситонии умумии Арабистон ҷумъашаб изҳор дошт, таҳқиқоти аввалияи марги Ҷамол Хошуқҷиро дар пайи мушоҷираи лафзӣ дар консулгарии Арабистон дар Истанбул таъйид мекунад.

Додситонии умумии Арабистон эълом кард, таҳқиқот дар бораи марги Ҷамол Хошуқҷи ҳамчунон идома дорад ва дар ин парванда то кунун 18 шаҳрванди саудӣ боздошт шудаанд.

Ин навъ эълом барои таъйиди кушта шудани Хошуқҷи нишон медиҳад, Арабистони Саудӣ дар ҳамоҳангӣ бо Амрико дар ҳоли мудирияти парвандаи рӯзноманигори мунтақиди саудӣ аст то нақши Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ дар қатли Хошуқҷи пинҳон шавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамзамон малик Салмон - шоҳи Арабистон ҷумъашаб дастури ташкили кумитаи вазоратӣ ба раёсати валиаҳдро барои бозбинӣ дар сохтори дастгоҳи иттилооти умумии ин кишвар содир кард.

Ба дунболи ин дастур Аҳмад Алъусайри, муовини дастгоҳи иттилооти умумии Арабистон ва Сауд Алқаҳтони, мушовири девони подшоҳии Саудӣ аз сӯйи Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистон аз симатҳои худ барканор шуданд.

Подшоҳи Саудӣ ҳамчунин сартипи Муҳаммад Мариҳ, муовини иттилоотӣ, сартип Абдуллоҳ бин халифа Ашшойеъ, муовини умури инсонӣ ва сартип Рашод Алмаҳмоди, мудири идораи иттилооти умумӣ ва ҳифозат дар дастгоҳи иттилооти умумии Арабистонро аз симатҳои худ барканор кард.

Пеш аз ин ду манбаи огоҳ рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии амрикоии Си Эн Эн изҳор дошт, саудиҳо дар ҳоли таҳияи гузориши эътироф ба кушта шудани Ҷамол Хошқҷи, рӯзноманигори саудӣ ҳангоми бозҷӯӣ дар консулгарии Арабистон дар Истанбул ҳастанд.

Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди оли Сауд 2 – юми октябри ҷорӣ пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истанбул нопадид шуд ва ҳамон мавқеъ манобеи турк эълом карданд, вай тавассути авомили вобаста ба режими оли Сауд ба қатл расидааст.

Дар рӯзи вуруди Ҷамол Хошуқҷи ба консулгарии Арабистон дар Истанбул ва нопадид шудани вай, манобеи хабарӣ гузориш доданд, 15 мақоми амниятии Арабистон бо ҳавопаймо вориди фурудгоҳи шаҳри Истанбул шуданд ва сипас ба консулгарии Арабистон дар ин шаҳр рафтанд ва ҳамон рӯз низ Истанбулро тарк карданд.

 

Барчасп