Истеъфои вазири ҷанги режими Исроил ва шодии мардуми Ғазза
(last modified Wed, 14 Nov 2018 14:53:11 GMT )
Ноябр 14, 2018 19:53 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои вазири ҷанги режими Исроил ва шодии мардуми Ғазза

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар пайи нокомии ахири ин режим дар муқобили гурӯҳҳои муқовимат дар Ғазза, аз мақоми худ истеъфо кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаластин Ал явм, Либерман рӯзи чаҳоршанбе аз мақоми худ канорагирӣ кард ва хостори баргузории интихоботи зудҳангом шуд.

Гуфта мешавад, Либерман мухолифи таваққуфи ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ ба Ғазза буд, аммо муборизоти шуҷоонаи мардуми Фаластин ва нирӯҳои муқовимат, ин режимро маҷбӯр ба пазириши оташбас кард.

Дар ҳамин ҳол “Канали 10”-и телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ин режим гуфта, ки чунончӣ Либерман  истеъфо кунад, Кнессет (парлумон)-и режими саҳюнистиро дар сареътарин замон мунҳал ва тайи моҳҳои оянда интихоботи тоза баргузор хоҳад кард. Канали 20-и телевизиони режими саҳюнистӣ низ истеъфои Либерманро дастоварди бузург барои Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) донист.

Хабарнигорон низ аз шодӣ ва сурури мардум дар навори Ғазза ба хотири пирӯзии муқовимат ва шикасти режими ишғолгар хабар медиҳанд.

Шабакаи телевизионии Алмаёдин гузориш дод, бархе расонаҳои исроилӣ ба нақл аз як манбаъ дар Ҳизби Ликуд эълом карданд, пешбинӣ мешавад пас аз истеъфои Либерман аз мақоми вазорати ҷанг, Бенёмин Натанёҳу масъулияти ин вазоратхонаро ба ӯҳда гирад.

Даргирӣ миёни муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ дар марзҳои борикаи Ғазза бо миёнҷигарии Миср, аз шомгоҳи сешанбе мутаваққиф шуд.

Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин эълом карданд, то замоне, ки режими саҳюнистӣ ба оташбас пойбанд бошад, ба он пойбанд хоҳад буд.