Эътирози Тел-Авив ба лагадмол шудани парчами ин режим аз сӯи мақоми урдунӣ
(last modified 2018-12-30T09:54:45+00:00 )
Декабр 30, 2018 14:54 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Тел-Авив ба лагадмол шудани парчами ин режим аз сӯи мақоми урдунӣ

Интишори тасвири сухангӯи давлати Урдун дар ҳоли убур аз рӯйи парчами режими саҳюнистӣ, хашми Тел-Авивро ба шиддат барангехт.

Ба гузориши хабаргузори Форс, интишори тасвири Ҷумона Ғанимот сухангӯи давлати Урдун, ки дар ҳоли вуруд ба дафтари иттиҳодияҳои синфии ин кишвар аз рӯйи парчами режими саҳюнистӣ убур мекунад, хашми ин режимро ба шиддат барангехт.

Рӯзномаи саҳюнистии “Едиот аҳронот” навишт: Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ ба шиддат ба ин мавзӯъ эътироз карда ва сафорати ин режим дар Аммон ёддошти эътирозӣ ба Урдун ироа кардааст.

Ҳамчунин сафири Урдун дар Тел-Авив имрӯз фаро хонда мешавад то эътирози расмӣ низ ба вай ироа шавад.

Қароргоҳи иттиҳодияҳои синфии Урдун ба шиддат бо одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ мухолиф аст ва ба ҳамин далел парчами ин режемро дар вурудии худ қарор додааст, то ҳамагон ҳангоми вуруд аз рӯйи ин парчам гузаранд.