Январ 31, 2019 18:17 Asia/Dushanbe
  • Қатар колоҳои Арабистон, Баҳрайн, Иморот ва Мисрро таҳрим кард

Вазорати иқтисоди Қатар истифодаи шаҳрвандони ин кишвар аз маҳсулоти масрафии сохти чаҳор кишвари арабии таҳримкунандаи Давҳаро мамнӯъ кард.

Вазорати беҳдошти Қатар низ фурӯши доруҳои тавлид шуда дар Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Мисрро мамнӯъ кард.

Илова бар ин, Қатар номҳои ширкатҳои иморотиро аз феҳрасти паймонкорони қобили эътимод барои иҷрои тарҳҳои зербиноӣ, ҳазф кард.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср аз панҷуми июни 2017 ба далели ҳамсӯ набудани Давҳа бо ҷараёни арабӣ ба раҳбарии Риёз равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ ва илова бар эъмоли таҳрим, марзҳои заминӣ - дарёӣ ва ҳавоияшонро ба рӯйи ин кишвар бастанд.

 

Барчасп