Интиқоди сарусқуфи Байтулмуқаддас аз сукути ҷаҳонӣ дар қиболи ҷиноёти саҳюнистҳо
(last modified Sat, 09 Mar 2019 15:09:02 GMT )
Март 09, 2019 20:09 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди сарусқуфи Байтулмуқаддас аз сукути ҷаҳонӣ дар қиболи ҷиноёти саҳюнистҳо

Сарусқуфи калисои православии Рум дар Байтулмуқаддас таъкид кард: Тарҳи режими саҳюнистӣ барои яҳудисозии Қудси ишғолӣ, ҷиноят аст.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Атоуллоҳ Ҳино афзуд, ишғолгарон бо ҳимояти Амрико дар талош барои аз байн бурдани ҳувияти Байтулмуқаддас, ҳадаф қарор додани муқаддасоти исломӣ ва масеҳӣ ва коҳиши ҳузури фаластиниҳо дар Қудси ишғолӣ ва аз байн бурдани ормони мардуми Фаластин ҳастанд.

Сарусқуфи калисои православии Рум дар Байтулмуқаддас аз сукути байналмилалӣ дар қиболи ҷиноёти ишғолгарони саҳюнист алайҳи фаластиниҳо интиқод кард ва гуфт: Амрико ва Ғарб аз ҳуқуқи башари дам мезананд, аммо дар қиболи беадолатиҳое, ки алайҳи фаластиниҳо раво дошта мешавад, комилан сукут мекунанд.