Март 11, 2019 14:54 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи фаъоли зани арабистонӣ бо вуҷуди интиқодоти байналмилалӣ

Бо вуҷуди интиқодоти байналмилалӣ, муҳокимаи Лаҷин ал Ҳазлул, яке аз 10 мудофеи барҷастаи ҳуқуқи занон дар Арабистон рӯзи чаҳоршанбе дар ин кишвар оғоз мешавад.

Ба гузориши рӯзномаи фаромитақавии “Ал Қудс ал Арабӣ”, ҳисоби корбарӣ "зиндониёни ақида", якшанбешаб эълом кард, мақомоти Саудӣ аввалин ҷаласаи муҳокимаи маҳрамонаи ин фаъоли арабистониро, ки аз соли гузашта дар Арабистон боздошт шуда, чаҳоршанбеи оянда баргузор мекунанд.

Улиё хоҳари Лаҷин ба ишора ба мамониати мақомоти Саудӣ аз доштани вакил гуфт: Токунун иттиҳоми вай ироа нашудааст.

Бар асоси ин гузориш, беш аз 30 кишвар аз ҷумла тамомии 28 узви Иттиҳоди Аврупо ҳафтаи гузашта хостори озодии ин фаъолон шуданд.

Ба эътиқоди бархе фаъолон, теъдоде аз ин чеҳраҳои боздошт шуда аз ҷумла ал Ҳазлули 29 сола дар утоқи инфиродӣ басар мебаранд ва дар зиндон бо онҳо бадрафторӣ мешавад ва таҳти анвои шиканҷаҳо аз ҷумла шоки электирикӣ, шаллоқ ва тааррузи ҷинсӣ қарор мегиранд.

Пас аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Арабистон дар октябри гузашта дар консулгарии Риёз дар Истамбули Туркия, акнун боздошти ин фаъолон мӯҷиби афзоиши интиқодоти байналмилалӣ алайҳи Арабистон шудааст.

 

Барчасп