Иқдомоти зидди ҳуқуқи башарии режими Оли Халифа дар Баҳрайн
Режими Оли Халифа ба иқдомоти зидди ҳуқуқи башарии худ дар қиболи шиаёни Баҳрайн идома медиҳад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Муроталбаҳрайн, бо вуҷуди бемории шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайн ва адами ҳузури ӯ дар ҷаласоти бозҷуӣ, додситони кулли Баҳрайн рӯзи сешанбе гуфт, ҳукми ниҳоӣ дар бораи Исо Қосим ҳузурӣ маҳсуб мешавад.
Додситонии Баҳрайн ҳамчунин муддаӣ шуд, дар ҷаласоти додгоҳ, иттиҳомҳои шайх Исо Қосим тавре матраҳ шуд, ки ингор вай ҳузур дорад, ба ҳамин далел ҳукме, ки дар бораи ӯ содир мешавад, ҳузурӣ ба ҳисоб меояд .
Додситонии Баҳрайн таъкид кард, ки додгоҳ бар асоси қонун набояд иқдомоти худро бо мувофиқат ё мухолифати муттаҳам дар хусуси ҳузур дар додгоҳ таълиқ кунад.
Алорақми фишорҳои режими Баҳрайн, шиаёни ин кишвар маросими гиромидошти Иди Ғадири Хумро муқобили манзили шайх Исо Қосим баргузор карданд.
Режими Оли Халифа бо ташдиди саркуби мухолифон ва дар иқдоме ғайриқонунӣ, тобеияти шайх Исо Қосимро лағв кард ва аз он замон баҳрайниҳо бо баргузории таҷаммуъ муқобили манзили вай, ҳимояти худро аз ин раҳбари динӣ эълом кардаанд .