Июл 07, 2019 12:27 Asia/Dushanbe

Ташдиди иқдомоти нажодпарастонаи саҳюнистҳо ҳатто дар баробари яҳудиёни заминҳои ишғолӣ боис шудааст, то эътирозот дар ҷомеаи саҳюнистҳо табдил ба як бомби соатӣ шавад.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, эътирози шадиди яҳудиёни Эфиопия мавсум ба яҳудиёни Флашо дар сарзаминҳои ишғолӣ идома дорад ва тазоҳуроткунандагон ба сурати густарда хашми худро бо шикастани шишаҳои худравҳои полиси Исроил нишон медиҳанд.

Пас аз кушта шудани Салмун Тако ҷавони 18 солаи Эфиопия, ки дорои тобеияти исроилӣ буд ва ба зарби тири як неруи полиси режими саҳюнистӣ кушта шуд, тамомии минтақаҳои заминҳои ишғолӣ дар рӯзҳои ахир шоҳиди эътирозҳои густардааст.

Муътаризон масирҳоро баста ва салаҳоро дар минтақаҳои мухталиф оташ заданд ва даргириҳое миёни неруҳои полис ва муътаризон ба вуқуъ пайваст.

Ин нахустин боре нест, ки як ҷавони Эфиопия ба дасти неруҳои полиси режими саҳюнистӣ кушта мешавад.

Image Caption


Яҳудиёни Флашо муҳоҷироне ҳастанд, ки аз Эфиопия бо ваъдаҳои дуруғини сарони режими саҳюнистӣ  ба Фаластини ишғолӣ муҳоҷират кардаанд.

Ин яҳудиён аз ҳаққи омӯзиш ва истихдоми мусовӣ бо дигар сокинони ин минтақа бархурдор нестанд.

Ин қишр аз яҳудиён аз гуруҳҳои фақире ҳастанд, ки бо ваъдаҳои дуруғини сарони режими саҳюнистӣ  ба Фаластини ишғолӣ муҳоҷират кардаанд ва онҷо таҳти табъизи шадид қарор гирифтаанд.

Бар асоси оморҳои ғайри расмӣ шумори яҳудиёни эфиопиятабор дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин байни 125 ҳазор нафар то 135 ҳазор нафар аст.

 

Барчасп