Июл 20, 2019 19:42 Asia/Dushanbe
  • Халифаи ДИИШ куҷост?

Абубакр Албағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Либия махфӣ шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, Ҷобир Алзубайди, вазири собиқи Ироқ гуфтааст, ки Албағдодӣ дар бахши марказии Либия махфӣ шудааст, чун ДИИШ қасд дорад хилофати ҷадиди худро дар он ҷо таъсис кунад.

Пеш аз ин, як манбаъ дар Созмони иттилооти Ироқ эълом карда буд, халифаи худхондаи ДИИШ дар як туннели зеризаминӣ дар вилояти Аланбори ин кишвар махфӣ шудааст.

Пештар аз охирин заминҳои таҳти контроли ДИИШ дар Сурия ва Афғонистон низ ба унвони маҳалли пинҳон шудани Албағдодӣ ном бурда шуда буд.

Охирин бор ва пас аз панҷ сол, 29 –уми апрели имсол Албағдодӣ дар як видеое зоҳир шуд.

 

Барчасп