Июл 24, 2019 14:21 Asia/Dushanbe

Видеое дар фазои маҷозӣ мунташир шудааст, ки нишон медиҳад ҷавонони намозгузори фаластинӣ бо эътироз як рӯзноманигори саудӣ ба номи Муҳаммад Саудро аз Масҷидулақсо ихроҷ мекунанд.

Ин рӯзноманигори саудӣ дар қолаби як ҳайъати расонаӣ ба даъвати вазорати хориҷаи режими исроил ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин сафар карда буд ва пас аз дидор аз Тел-Авив қасди зиёрати Масҷидулақсоро дошт, ки бо вокуниши намозгузорони фаластинӣ рӯбарӯ шуд.

Оддисозии равобити бархе кишварҳои арабӣ, бавижа Арабистони Саудӣ бо режими исроил дар ҳоле сурат мегирад, ки бар асоси омор, ин режим аз соли 1967 то 2017 беш аз 42 ҳазор фаластиниро ба шаҳодат расонида ва даҳҳо ҳазор нафарро маҷрӯҳ ва овора кардааст.

 

Барчасп