Пардаи Каъба иваз карда шуд + видео
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i45799-Пардаи_Каъба_иваз_карда_шуд_видео
Дар остонаи иди саиди Қурбон пардаи Каъба имрӯз тибқи расми солона иваз ва ин бинои муқаддас бо гулоби ноб шустушӯ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 10, 2019 12:48 Asia/Dushanbe

Дар остонаи иди саиди Қурбон пардаи Каъба имрӯз тибқи расми солона иваз ва ин бинои муқаддас бо гулоби ноб шустушӯ шуд.

Ба гузориши “Спутник”, ба нақл аз “Тасним”, ҳар сол дар рӯзи нуҳуми зилҳаҷҷа, ки ҳоҷиён дар саҳрои Арафот ҳузур доранд, пардаи Каъба таъвиз мешавад.

Имррӯз ҳам баъд аз намози субҳ, мутобиқ бо ин суннати дерина, пардаи нави Каъба пас аз шустушӯ бо гулоби ноб, бар бинои Каъба насб шуд.

Пӯшиши ҷадиди Каъба аз 675 килограмм ҳарири хоми сиёҳ барои қисмати хориҷӣ ва сабз барои қисмати дохилӣ ташкил ва дар он аз сад килограмм нахи тило ва 120 килограмм нахи нуқраи холис барои навиштани оёти қуръонӣ истифода шудааст.

Ҳазинаи пӯшиши ҷадиди Каъба 24 миллион риёли саудӣ (4 миллиону 600 ҳазор доллар) эълом ва рӯйи қисмати хориҷии он ибороти “Ё Аллоҳ, ё Аллоҳ”, “Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммад расулуллоҳ”, “Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳ”, “Субҳоналлоҳилъазим” ва “Ё даён ё маннон” тилодӯзӣ шудааст.

Акнун маросими ҳаҷ дар Макка дар ҳоли баргузорӣ аст ва беш аз ду миллион зоири Хонаи Худо барои ширкат дар маносики ҳаҷ, ки имсол аз 9 то 14-уми август баргузор мешавад, вориди Арабистони Саудӣ шудаанд.

Алҷазира, Индонезия, Покистон, Ҳинд, Бангладеш ва Эрон бештарин теъдоди зоиронро ба Арабистон фиристодаанд.