Август 25, 2019 14:27 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз 17 ҳазор зани фаластинӣ ба дасти режими саҳюнистӣ

Ҳайати расидагӣ ба умури асирони фаластинӣ бо интишори гузорише эълом кард аз соли 1967 то кунун беш аз 17 ҳазор зани фаластинӣ ба дасти режими саҳюнистӣ боздошт шудаанд.

Ба нақл аз ИРНО, ин ҳайат дар гузориши худ тасреҳ кард дар соли 2018 ва 2019 мавҷи боздошти занони фаластинӣ ба вижа дар Қудси ишғолӣ ва саҳнҳои Масҷидулақсо афзоиши бесобиқае доштааст.

Дар гузориши ҳайати расидагӣ ба умури асирони фаластинӣ омадааст, дар солҳои 1987 то 1993 ҳамзамон бо интифозаи аввали Фаластин, се ҳазор зани фаластинӣ боздошт шуданд ва аз соли 2000 то 2005 ва ҳамзамон бо интифозаи дуввуми Фаластин низ режими саҳюнистӣ беш аз ҳазор зани фаластиниро боздошт кардааст.

Ҳайати расидагӣ ба умури асирони фаластинӣ пештар дар гузорише шумори фаластиниёни дарбанди режими саҳюнистиро 6 ҳазору 500 нафар эълом карда буд, ки миёни онҳо 230 кудак, 48 зан ва ҳазору 800 бемор дида мешаванд.

Дар моҳҳои ахир таниш миёни фаластиниҳо ва режими саҳюнистӣ пас аз талоши бархе аз кишварҳои арабӣ барои оддисозии равобит бо ин режим бештар шудааст.

Барчасп