Мамнӯияти рафтуомади саҳюнистҳо дар марзи Лубнон аз бими посухи Ҳизбуллоҳ
Артиши режими саҳюнистӣ аз тарси посухи талофиҷӯёнаи Ҳизбуллоҳи Лубнон рафтуомади ғайризарурии шаҳракнишинон дар марзи Лубнон бо Фаластини ишғолиро мамнӯъ эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз шаҳракнишинони шимоли Исроил хост, ба панҷкилометрии марзҳои Лубнон наздик нашаванд.
Дар пайи ҳамалоти паҳподии рӯзи якшанбеи режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зоҳия, ҷануби Бейрут ва ҳамалоти ҷангандаҳои ин режим ба ҷануби Димишқ дар Сурия, ки мунҷар ба шаҳодати ду нерӯи Ҳизбуллоҳ шуд, Сайидҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, Исроил омодаи посухи Ҳизбуллоҳ бошад ва саҳюнистҳои сокини шимоли Фаластини ишғолӣ дигар хоби роҳат нахоҳанд дошт. Рӯзномаи саҳюнистии "Ҳаартс" низ бо ишора ба ин ки таҳдидҳои дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон мақомоти сиёсии Телавивро тарсондааст, аз таҳаррукоти дастгоҳи амниятӣ ва низомии ин режим барои муқобила бо вокуниши талофиҷӯёнаи муқовимат хабар дод.