Сентябр 15, 2019 18:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Зариф бар шикасти сиёсатҳои Амрико

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Пазириши роҳи ҳалли пешниҳодии Эрон, ба ғоилаи Яман хотима медиҳад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоии Твиттер хитоб ба Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико афзуд: Бо шикаст дар сиёсати "фишори ҳаддиаксарӣ" Вашингтон ба сиёсати "фиреби ҳаддиаксарӣ" рӯй овардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Амрико ва ҳамдастонаш бо ин таваҳҳум, ки бартарии таслиҳотӣ ба пирӯзии низомӣ мунҷар мешавад, акнун дар Яман гир кардаанд.

Зариф гуфт: Муқассир шинохтани Эрон ба фоҷиаи Яман поён нахоҳад бахшид. Дар муқобил, пазириши пешниҳоди Эрон мабнӣ бар поён додан ба ҷанг ва шурӯи музокирот, мумкин аст ба ин ғоила хотима диҳад.

 

Барчасп