Муқовимати миллатҳои минтақа, шӯълае хомӯшнашуданӣ аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон муқовимати миллатҳои бедор ва ҳушёри минтақаро шӯълаи хомӯшнашуданӣ донист ва таъкид кард: Душманони минтақа бояд аз посухи ҳушдоромези яманиҳо дарс бигиранд ва оташи ҷанг дар минтақаро хомӯш кунанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи ҳайатҳои давлат афзуд: Бадхоҳони мардуми минтақа ба ҷои ин, ки ба тавонмандиҳои "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва мардуми Сурия ва Яман изъон кунанд, ба дунболи иттиҳомзанӣ ҳастанд.
Рӯҳонӣ хитоб ба бадхоҳони мардуми минтақа гуфт: Ба ҷои иттиҳомзанӣ, қудрати миллатҳоро бовар кунед ва бидонед, ки ҳеҷ давлате дар кор нест ва миллатҳо ба по хестаанд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба куштори мардуми бегуноҳи Яман ва бомбаборон кардани бемористонҳо, хонаҳо ва мадрасаҳои ин кишвар афзуд: Мардуми бузург, ҳушёр ва бедори Яман оғозгари даргириҳо набуданд ва режими Арабистон, Иморот, амрикоиҳо ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва режими саҳюнистӣ буданд, ки дар минтақа ҷанг роҳ андохтаву Яманро вайрон кардаанд.