Сентябр 24, 2016 19:58 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндаи парлумони Кувайт аз иқдомоти Арабистон дар минтақа

Намояндаи парлумони Кувайт бори дигар иқдомоти Арабистонро дар Яман маҳкум кард.

Ба гузориши рӯзи шанбеи пойгоҳи интернетии ал-Аҳди Лубнон, Абдулҳамид Даштӣ, намояндаи парлумони Кувайт ва раиси Шӯрои байналмилалии ҳимоят аз муҳокимаи одилона, таъкид кард, Арабистон думболарави хати сиёсии ваҳобият аст, ки бо Оли Сауд иртиботи танготанг дорад.

Вай, ки дар ҳамоише бо унвони  "Ҷаҳони араб ва набард бо терроризм" суханронӣ мекард, дар вокуниш ба иқдомоти Арабистон дар минтақа афзуд, ҳимояти Арабистон аз режими Оли Халифа, дар саркӯби инқилоби миллати Баҳрайн собит кард, ки як кишвари саркӯбгар аст.

Додгоҳи ҷиноии Кувайт, Абдулҳамид Даштиро ба иллати эътироз ба иқдомоти зидди башарии Оли Сауд ва Оли Халифа ба баҳонаи тавҳин ба Арабистон ва Баҳрайн ба 25 сол зиндон маҳкум кардааст.