Вокуниши гуруҳҳои ироқӣ ба эътирозҳои ахир
(last modified 2019-10-05T10:41:21+00:00 )
Октябр 05, 2019 15:41 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши гуруҳҳои ироқӣ ба эътирозҳои ахир

Ироқ аз сешанбеи гузашта шоҳиди шаклгирии эътирозҳоест, ки даҳҳо кушта ва захмӣ доштааст.

Сарфи назар аз далелҳо ва решаҳои эътирозҳо ва ҳамчунин далелҳои кашида шудани эътирозҳои мусолиматомези мардумӣ ба самти хушунат, вокуниши гуруҳҳои ироқӣ ба ин эътирозҳо нуктаи дорои аҳамияте аст.

Нахустин матлаб ин аст, ки вокуниш ба эътирозҳои мардум аз сӯи гуруҳҳои ироқӣ дорои ваҷҳаҳои иштирокҳоест. тақрибан ҳамаи гуруҳҳои ироқӣ аз ҷумла давлати ин кишвар баргузории тазоҳуроти мусолиматомезро ҳақи мардум унвон карданд. Ҳеҷ гуруҳе аз ҷумла давлат ва шахси нахуствазир низ мавзӯоте монанди фасоди идорӣ, набуди хадамоти иҷтимоии муносиб ва буҳрони бекориро рад накарда балки онро таъид карданд. Нуктаи дигар низ ин аст, ки ин гуруҳҳо бо ҳаргуна хушунат алайҳи муътаризон низ мухолифат кардаанд.

Дуввумин мавзӯъ марбут ба вокуниши хоси давлати Ироқ аст. Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ зимни инки муқаррароти манъи омаду шуд вазъ кард ҳазор нафар аз коркунонро ба ҷурми фасод ихроҷ кард, то нишон диҳад, ки садои эътирози мардумро шунида ва барои муқобила бо фасод низ ҷиддӣ аст. Дар ҳамин ҳол Абдулмаҳдӣ хатоб ба мардуми Ироқ чанд нуктаи муҳимро ба онҳо ёдоварӣ кардааст аз ҷумла ин ки марзи худро бо гуруҳҳои барандозе, ки шиори бозгашт ба гузашта сар медиҳанд мушаххас кунанд ва ҳамчунин иҷозаи баҳрагирии абзории мухолифони давлат ва низоми Ироқ барои табдили ин эътирозҳо ба бистаре ҷиҳати зарба задан ба амнияти кишвар ва амнияти молу ҷони мардум надиҳанд. Дар ҳамин ҳол нахуствазири Ироқ аз тарҳи давлат барои расидагии хос ба вазъияти маишатии мардум ба хусус табақаҳои фақир низ хабар дод.

Севвумин мавзӯъ ин аст, ки ба ҷуз бархе гуруҳҳо ва шахсиятҳои барандоз тақрибан ҳеҷ гуруҳи сиёсии дигаре мардумро ба идомаи тазоҳурот даъват накардааст, балки хостори шунида шудани садои муътаризон аз сӯи давлати Ироқ ва анҷоми иқдомҳои амалӣ барои таъмини мутолибаҳои мардумӣ шуданд.

Чаҳорумин мавзӯъ низ вуҷуҳи  ифтироқ (парокандагӣ) дар мавзеъҳои гуруҳҳои ироқӣ дар вокуниш ба эътирозҳо аст. Бархе аз гуруҳҳои ироқӣ аз ҷумла эътилофи Алфатҳ дар парлумони Ироқ зимни ҳимоят аз мутолиботи муътаризон аз иқдомҳои ислоҳталабонаи давлат низ ҳимоят карда ва хостори фурсат додан ба давлат барои ислоҳот шудаанд. Дар ҳамин ҳол бархе гуруҳҳо ва шахсиятҳои ироқӣ аз ҷумла рӯйхатти Соирун (эътилофи иттиҳоди инқилобиюн барои ислоҳот) ба раҳбарии Муқтадо Садр ва ҳамчунин Ҳайдар Алъибодӣ нахуствазири собиқи Ироқ истеъфои давлат ва баргузории интихоботи зудҳангомро хостор шуданд. Марҷаияти Ироқ низ дар вокуниш ба эътирозҳои ахир зимни дифоъ аз мутолиботи муътаризон хостори фурсат додан ба давлат барои анҷоми ислоҳот шудааст.

Воқеият ин аст, ки мушкилоте монанди фасод, бекорӣ ва хадамоти иҷтимоии заиф мушкилоте нестанд, ки дар давлати Абдулмаҳдӣ эҷод шуда бошад балки аз даҳаҳои пеш ба ин давлат ба ирс расидааст. Камтар аз як сол аз умри давлати Абдулмаҳдӣ мегузарад, ки замони кофӣ барои расидагӣ ба мушкилоти калони барҷой монда аз гузашта нест ва роҳкорҳое монанди интихоботи зудҳангом ва истеъфои давлат на танҳо кумаке барои таъмини мутолиботи муътаризон намекунад, балки ҳазинаҳои давлатро афзоиш низ медиҳад.