Сентябр 25, 2016 13:17 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии маъракаи таҳрими Фейсбук дар Фаластин

Фаъолон ва корбарони интернетӣ дар Фаластин, фаластиниҳоро ба мушорикат дар таҳрими шабакаи Фейсбук фаро хонданд.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, пас аз он ки шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар иқдоме, ҳамсӯ бо сиёсатҳои режими саҳюнистӣ даҳҳо сафҳаи ҳомии муқовамати Фаластинро ҳазф кард, фаъолони фаластинӣ аз ҳамаи фаластинён хостанд имрӯз (якшанбе) ба муддат 2 соат аз интишори ҳар гуна комент дар ин шабака иҷтимоӣ худдорӣ кунанд.

Фаъолони фаластинӣ ҳадаф аз роҳандозии маъракаи таҳрими Фейсбук дар Фаластинро пайгирии ахбор ва афзоиши шумори ҳомиёни ин маърака эълом карданд.

Асома Ашқар- таърихнигор ва фаъоли фаластинӣ бо тайиди маъракаи таҳрими Фейсбук дар Фаластин таъкид кард, ин иқдом, эътирози миллати Фаластин ба ин шабакаи иҷтимоиро нишон хоҳад дод.

Коршиносон ва таҳлилгарони фаластинӣ таъкид карданд, тавофуқи шабакаи Фейсбук ва режими саҳюнистӣ бар ҳазфи сафаҳоти шахсе ҳомии муқовамати Фаластин ба масобаи кӯчондани фаластинён аз сарзамини худ дар дунёи маҷозӣ аст.

Режими саҳюнистӣ ахиран барои ҷилавгирӣ аз интишори бештари ахбори марбут ба интифозаи Қудс ва тарвиҷи фарҳанги шаҳодатталабии фаластиниҳо, аз ширкати Фейсбук хост бо ташдиди контрол ва назорат бар сафаҳоти ин шабака, аз ҳар гуна бакор бурдани матолиби зидди саҳюнистӣ  аз сӯи корбарон мумониат кунад.

Пойгоҳи иҷтимоии Фейсбук ҳам дар посух ба хоста ва сиёсатҳои душмани саҳюнистӣ, сафаҳоти зиёде аз ҷумла сафҳа шабака "Фаластин Лилҳавор" ва даҳҳо шабакаи дигарро, ки бештари онҳо мутааллиқ ба Ҷунбиши Ҳамос дар Каронаи ибохтарии руди Урдун буданд, масдуд кардааст.