Мувофиқати Малик Салмон бо истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар Арабистон
Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ "Вос" шанбешаб аз мувофиқати Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи ин кишвар бо истиқрори нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии ҷадиди амрикоӣ дар Арабистон хабар дод.
Ба нақл аз Алолам, Вазорати дифои Амрико Пентагон, рӯзи ҷумъа дар баёнияе аз эъзоми нерӯ ва ҳамчунин таҷҳизоти низомии бештар ба Арабистони Саудӣ хабар дод.
Пентагон дар ин баёния эълом кард: Амрико се ҳазор нерӯи ҷадид ва ҳамчунин сомонаи мушакии Патриот ва як сомонаи мушакии Тод дар Арабистон мустақар хоҳад кард.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пештар эълом карда буд: Арабистон мувофиқат кардааст ҳазинаи ҳар иқдомеро, ки барои ин кишвар анҷом мешавад пардохт кунад.
Иқдоми Пентагон дар заминаи эъзоми нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии ҷадид ба Арабистон пас аз ҳамалоти ахири артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба ду полоишгоҳи ширкати миллии нафти Арабистон Арамко анҷом мешавад, ки ба коҳиши 50 дарсадии содироти нафтии ин кишвар мунҷар шуд.