Октябр 16, 2019 15:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли зуболаҳои саммии режими саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ

Режими саҳюнистӣ беш аз 50 дарсад зуболаҳои ҳастаӣ ва шимиёии худро дар манотиқи фаластиниёни Карона Бохтарии рӯди Урдун дафн мекунад.

Ба нақл аз ИРНА, бархе рустоҳои наздик ба девори ҳоил, аз ҷумла рустоҳои воқеъ дар ҷануби ғарбии Алхалил ва шимоли ғарбии Ромуллоҳ дар Каронаи Бохтарӣ, ба манотиқе барои қочоқ ва нобудии зуболаҳои хатарноки ҳастаӣ ва шимиёии корхонаҳои режими саҳюнистӣ табдил шудааст.

Бар асоси ин гузориш, рӯзона 700 тонна зуболаи саммии саноатӣ вориди устони Алхалил дар Каронаи Бохтарӣ мешавад ва мақомҳои саҳюнистӣ ба вуруди зуболаҳои электроникии хатарнок ба рустоҳо ва шаҳракҳои Каронаи Бохтарӣ назорат доранд.

 

Барчасп