Ноябр 30, 2019 15:57 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати навҷавони фаластинӣ ва захмӣ шудани панҷ нафар дар навори Ғазза

Дар паи тирандозии низомиёни режими саҳюнистӣ дар марзи навори Ғазза, як навҷавон ба шаҳода расид ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.

Навҷавони фаластинии 16-сола ба зарби гулӯлаи низомиёни режими саҳюнистӣ дар Ҷониюнси навори Ғазза ба шаҳода расид.

Ба нақл аз Форс, бар асоси гузориши вебгоҳи фаластинии "Аламд" тирандозии ҷумъашаби низомиёни саҳюнистӣ ба самти Ҷониюнс илова бар шаҳодати навҷавон мунҷар ба маҷрӯҳ шудани панҷ фаластии дигар шуд.

 

Барчасп