Боздошти як миллион фаластинӣ аз ибтидои ишғоли сарзамини Фаластин
Як маркази фаластинӣ эълом кард, аз ибтидои ишғоли сарзамини Фаластин дар соли 1948 ҳудуди як миллион фаластинӣ боздошт шудаанд.
Ба нақл хабаргузории фаластинии Шаҳоб, Риёз Ал-Ашқар сухангӯи Маркази мутолиоти асирони фаластинӣ рӯзи якшанбе тасреҳ кард, бо вуҷуди афзоиши боздошти фаластиниён тавассути низомиёни режими саҳюнистӣ, аммо сиёсати ин режим дар амалисозии ҳадафҳои худ барои ба зону даровардан ва таслими миллати Фаластин ва боздоштани онҳо аз идомаи муқовимат то озодсозии сарзаминашон шикаст хурдааст.
Риёз Ал-Ашқар гуфт, боздоштҳо яке аз абзорҳои муҷозот ва саркубгарии фаластиниён аст, ки ишғолгарон алайҳи миллати Фалстин ба кор мегиранд ва ин шева ҳамчунон идома дорад ва қишрҳои мухталифи фаластиниёнро шомил мешавад.
Сухангӯи Маркази мутолиоти асирони фаластинӣ тасреҳ кард, ишғолгарони саҳюнист барои зиндонӣ кардани ин ҷамъияти анбуҳ, теъдоди зиёде зиндон ва боздоштгоҳ доир кардаанд, ки матраҳтарини он зиндони саҳроии Ал-Нақаб аст, ки даҳҳо ҳазор асири фаластиниро дар худ ҷой дода ва шуморе аз онҳо дар ин зиндони саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд.
Ал-Ашқар дар идома афзуд, таи соли 1994 то шуълавар шудани интифозаи Ал-Ақсо (интифозаи дуввум) дар соли 2000 10 ҳазор фаластинӣ боздошт шуданд ва ба таври куллӣ дар хилоли солҳои интифозаи Ал-Ақсо то интифозаи Қудс (интифозаи севвум) дар октябри 2015 26 ҳазор фаластинӣ боздошт шуданд.
Ҳамакнун 5700 фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд, ки 250 нафар аз онон кудак ва 47 нафар ҳам зан ҳастанд.