Баргузории даври баъдии музокироти раванди Остона - марти 2020
(last modified Wed, 11 Dec 2019 14:41:03 GMT )
Декабр 11, 2019 19:41 Asia/Dushanbe
  • Баргузории даври баъдии музокироти раванди Остона - марти 2020

Мудири Осиё ва Африқои Вазорати хориҷаи Қазоқистон эълом кард, даври баъдии ин нишаст дар моҳи марти 2020 (исфанди 1398 то фарвардини 1399) баргузор хоҳад шуд.

Ержан Мукаш, мудири Осиё ва Африқои Вазорати хориҷаи Қазоқистон имрӯз - чаҳоршанбе дар бораи ройзаниҳои ду рӯзи ахир дар шаҳри Нурсултони ин кишвар, дар бораи буҳрони Сурия изҳороте матраҳ кардааст.

Ба гузориши “Форс”, ин мақоми аршади қазоқистонӣ эълом кард, дар ҷараёни ройзаниҳои раванди Остона дар бораи Сурия, бо ҳузури Русия, Эрон, Туркия, давлати Сурия, муоризони сурӣ ва намояндагони Созмони Милал, Урдун, Лубнон ва Ироқ дар бораи масоили мухталиф аз қабили авзои Идлиб ва табодули зиндониён баҳсу ройзанӣ шудааст.

Мудири Осиё ва Африқои Вазорати хориҷаи Қазоқистон афзуд, ин мавзуъ, ки даври баъдӣ (нишасти раванди Остона) дар моҳи март баргузор шавад, мавриди таъйид қарор гирифтааст.

Ин мақоми қазоқистонӣ ба таърихи дақиқи замони баргузории даври ояндаи нишасти раванди Остона дар бораи Сурия ишора накардааст.