Ҷузъиёти ҷадид дар бораи террори сипаҳбуд Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш дар Бағдод
Манбаи амниятии ироқӣ эълом кард, як шабакаи ҷосусӣ дар фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ дар амалиёти террори сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва ҳамроҳони онон нақш доштааст.
Хабаргузории “Рейтерз”, панҷшанбешаб ба нақл аз як манбаи амниятӣ дар Ироқ гузориш дод, таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, як шабакаи ҷосусӣ дар дохили фурудгоҳи Бағдод иттилоотеро дар ихтиёри артиши Амрико барои террори сардор Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш қарор додааст.
Бар асоси ин гузориш, ду нафар аз ин афрод масъулони амнияти парвози фурудгоҳи Бағдод ва ду нафари дигар корманди як ширкати ҳавопаймоӣ дар Димишқ, пойтахти Сурия ҳастанд.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди рӯзи ҷумъа (севуми январи 2020) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ ба шаҳодат расид.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ошкоро эълом кард, ки дастури террори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймониро вай содир карда буд.