Таркиши бомби хушаӣ ҷони кудаки яманиро гирифт
Таркиши бомби хушаии баҷо монда аз ҳамлаҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба шимоли Яман, ҷони як кудаки яманиро гирифт ва як танро низ захмӣ кард.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алмасира, таркиши рӯзи шанбе дар шаҳристони Кутоф дар вилояти Саъда шимоли Яман рух дод ва бар асари он як кудак кушта ва хоҳари вай низ захмӣ шуд.
Ҷумъаи гузашта низ дар паи ҳамлаҳои ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ-амрикоӣ ба хонае дар минтақаи Банӣ Муоз дар вилояти Саъда 3 ғайри низомӣ аз ҷумла як зан ва як кудак кушта шуданд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва ҷанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ ру ба ру кардааст.
Режими саудӣ ва муттаҳидонаш то кунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба ҳадафҳои худ дар ин кишвар (ба қудрат расондани дастнишондагони худ) бирасанд.