Январ 28, 2020 12:10 Asia/Dushanbe
  • Дархости раиси Ташкилоти худгардони Фаластин аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ

Маҳмуд Аббос хостори нишасти фаврии раҳбарони фаластинӣ шуд.

Маҳмуд Аббос-раиси Ташкилоти худгардони Фаластин зимни дархост аз раҳбарон ва мақомоти фаластинӣ барои ширкат дар нишасте изтирорӣ, аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ хост дар маросими рӯномаӣ аз Муомилаи қарни Амрико ширкат накунанд.

Ба нақл аз Форс, қарор аст ин нишаст рӯзи сешанбе дар Ромуллоҳ баргузор шавад. Ин тасмими Маҳмуд Аббос ба дунболи эъломи замони рӯномаӣ аз Муомилаи қарни Амрико гирифта мешавад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки сешанбе аз ин тарҳи зиддифаластинӣ рӯномаӣ ва ҷузъиёти онро эълом хоҳад кард.

Раёсати Ташкилоти худагрдони Фаластин аз сафирони араб ва кишварҳои исломӣ хостааст дар маросими рӯномаӣ аз Муомилаи қарн ширкат накунанд.

Аббос дар тамосе телефонӣ, ки бо вазири умури хориҷаи Англия дошта гуфт, ки ҳаргиз ҳеҷ муомилаеро,ки хостаҳои мардуми Фаластин аз ҷумла ташкили давлати Фаластин ба пойтахтии Қудси шарқиро амалисозӣ накунад, қабул нахоҳад кард.

Барчасп