Феврал 10, 2020 17:37 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани раиси Ҷунбиши исломии Фаластин ба 28 моҳ ҳабс

Раиси Ҷунбиши исломии Фаластин ба 28 моҳ ҳабс маҳкум шуд.

Раиси Ҷунбиши исломии Фаластин ба иттиҳоми ончӣ таҳрик ба хушунат ва ҳимоят аз созмони мамнӯъ хонда шуда, ба 28 моҳ зиндон маҳкум шуд.

Ба гузориши Форс, додгоҳе дар Ҳайфо имрӯз (душанбе) Шайх Роид Салоҳ, раиси Ҷунбиши исломии Фаластин (шохаи шимол)-ро ба 28 моҳ зиндон маҳкум кард.

Аз онҷое, ки Шайх Салоҳ то кунун 11 моҳро дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ гузаронда, 17 моҳ аз ин 28 моҳ боқӣ мемонад. Додситони кулли режими саҳюнистӣ дархости судури ҳабсаш беш аз чаҳор моҳро барои раиси Ҷунбиши исломӣ карда буд.

Додгоҳ режими саҳюнистӣ дар озармоҳи гузашта, вайро ба таҳрик ба хушунат ва ҳимоят аз созмони мамнӯа маҳкум кард.

Шайх Салоҳ беш аз ду сол аст, ки ба далели иттиҳомоте монанди таҳрик ба хушунат ва терроризм дар хутбаҳо ва суханрониҳо дар ҳоли муҳокима аст.

 

Барчасп