Феврал 23, 2020 13:25 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ибтилои садҳо нафар дар Фаластини ишғолӣ ба коронавирус

Рӯзномаи Ҳимудиъ ба нақл аз Вазорати тандурустии режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки садҳо нафар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин мумкин аст ба коронавирус мубтало шуда бошанд.

Ба нақл аз ИРНО, ин рӯзномаи саҳюнистӣ навишт, ибтилои 9 гардишгари Кореяи Ҷанубӣ, ки ҳафтаҳои охир дар сарзаминҳои ишғолӣ ба сар бурдаанд ба коронавирус таъид шудааст.

Бар ин асос Вазорати тандурустии режими саҳюнистӣ садҳо нафар аз  сокинони сарзаминҳои ишғолиро, ки бо ин гардишгарон дар иртибот буданд таҳти назар қарор медиҳад ва эҳтимолан бисёре аз онҳо бояд қарантин шаванд.

Дар миёни онҳо, ҳудуди 100 донишҷӯ ҳастанд, ки дар маҳалҳои ҳузури ин гардишгарон тараддуд доштаанд.

Мудирикулли Вазорати тандурустии режими саҳюнистӣ гуфт, ки ҳар кас бо ин гуруҳи Кореяи Ҷанубӣ дар иртибот буда бояд 14 рӯз худро дар хона қарантин кунад.

Сервиси Кореяи Ҷанубии шабакаи хабарии ББС имрӯз гузориш дод, ки 9 гардишгари кореяӣ ҳафтаи гузашта аз сафари 8 рӯзаи худ аз сарзаминҳои ишғолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ бозгаштанд ва озмоишҳи коронавирус барои ҳамаи онҳо мусбат эълом шуд.

 

Барчасп