Баста шудани Масҷидул-Ақсо ва Қуббатул-Сахра
Март 17, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
Масҷидул-Ақсо ва Қуббатул-Сахра баста шуд.
Ба нақл аз ИСНО, Вазорати авқоф ва умури динии Фаластин аз тасмими худ барои бастани Масҷидул-Ақсо ва масҷиди Қуббатул-Сахра дар паи густариши коронавирус хабар дод.
Ба нақл аз шабакаи Скай-Нюз, Вазорати авқофи исломии Қудси ишғолӣ имрӯз эълом кард, ки дар паи густариши коронавирус ва дар иқдоме пешгирона Масҷидул-Ақсо ва масҷиди Қуббатул-Сахраро бастааст.
Вазорати авқоф ва умури динии Фаластин низ шанбе эълом карда буд, ки то иттилои баъдӣ маросими намози ҷамоат дар масҷидҳо ва маросими масеҳиён дар калисоҳо баргузор нахоҳад шуд ва мардум намоз ва ибодати худро мунҳасиран дар манзилҳо ба ҷо оваранд.