Март 23, 2020 15:52 Asia/Dushanbe
  • Таътилии Масҷидулақсо барои ҷилавгирӣ аз интишори коронавирус

Созмони авқофи исломии Қудс эълом кард: Барои ҷилавгирӣ аз интишори коронавирус, дарҳои Масҷидулақсо аз бомдоди имрӯз (душанбе) то иттилои баъдӣ ба рӯи намозгузорон баста шуд.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Созмони авқофи исломии Қудс, дар баёнияе таъкид кард: Ин тасмим бино ба тавсияи динӣ ва пизишкӣ дар шаҳри Қудс, ба манзури ҷилавгирӣ аз интишори коронавирус в ва ҳифзи ҷон ва саломати шаҳрвандон гирифта шудааст.

Созмони авқофи исломии Қудс тасреҳ кард: Бо ин ҳол, азон ҳамчунон дар Масҷидулақсо пахш хоҳад шуд.

Созмони авқофи исломии Қудс тамомии фаластиниёнро ба ҳамкорӣ ва ҳамдилӣ ва риояти усули беҳдоштӣ, ба манзури гузар аз ин бӯҳрон, ки домани ҷаҳониёнро гирифтааст, фаро хонд.

Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ дар тозатарин омори худ эълом кард, 1071 исроилӣ ба коронавирус мубтало шудаанд,ки ҳоли 20 нафар аз онон вахим аст ва як нафар низ дар Қудси ишғолӣ фавт кардааст.

 

Барчасп