Кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ дар ҷанги саудии зиди яман
(last modified 2020-03-23T13:54:38+00:00 )
Март 23, 2020 18:54 Asia/Dushanbe
  • Кушта  шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ дар ҷанги саудии зиди яман

Беш аз 16 ҳазор нафар дар мудати панҷ соли ҷанги иттилофи саудӣ алайҳи Яман кушта ва беш аз 25 ҳазор нафар низ захми шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия "Соно" маркази Ҳуқуқ ва тавсиа дар Ясан дар гузорише эълом кард : дар ҳамлаи Арабистони Саудӣ ба Яман аз соли 2015 то кунун, беш аз 41 зҳазор яманӣ ба таври мустақим  дар асари ҷанг кушта ё маҷруҳ шудванд. 

Ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ дар ин 5 сол 15 фурудгоҳ 14 бандар, 2700 ҷода ва пул 193 истгоҳи барқ 793 манбаъ ва шабакаи обро вайрон ва беш аз 400 ҳазр хонаро низ вайрон карданд.

Мутобиқи гузориши маркази Ҳуқуқ ва тавсиа дар Яман иттилофи мутаҷовизи Саудӣ дар ҳамла дар Яман аз анвои аслиҳа ва бомб аз ҷумла бомбҳои хушаи истифода каранд, ки нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст, 26 моҳи марти 2020 оғози шашумин соли таҷовузи иттилофи .Саудӣ ба Яман аст.