Апрел 06, 2020 10:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷинояти оли Сауд алайҳи бахши омӯзиши Яман

Яке аз муҳимтарин бахшҳое, ки дар ҷанги эътилофи саудӣ алайҳи Яман бо осебҳои ҷиддӣ рубару шуд, бахши омӯзиши Яман аст.

Ҷанги эътилофи саудӣ алайҳи Яман аз 26 марти 2015 оғоз шуд ва 26 марти 2020 низ вориди шашумин соли худ шуд. Ин ҷанг хисоратҳои инсонӣ ва моддии бисёре ба Яман, фақиртарин кишвари арабии ғарби Осиё ворид кард. Бахши муҳиме аз ин хисоратҳо дар ҳавзаи омӯзиши Яман рух дод.

 Мутобиқи гузориши январи 2020-и Сандуқи кӯдакони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) 12 миллиону 200 ҳазор кӯдаки яманӣ ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд ва як миллиону 71 ҳазор кӯдаки яманӣ низ дар дохили ин кишвар овора шуданд.

 Бо таваҷҷуҳ ба ин ки конвенсиуни ҳуқуқи кӯдак-мусавваби ноябри 1989 афроди зери 18 солро кӯдак медонад, ағлаб кӯдаконе, ки ба кумаки башардӯстона ниёз доранд ва ё овора шуданд, дар синни таҳсил қарор доранд ва донишомӯз маҳсуб мешаванд.

 Соли таҳсилии Яман аз сентябри ҳар сол оғоз мешавад. Сентябри 2019 беш аз 2 миллион кӯдаки яманӣ маҳрум аз таҳсил буданд, ки ҷанг муҳимтарин омили он буд.Илова бар ин шумори зиёде аз кӯдакони яманӣ дар асари ин ҷанг кушта, захмӣ ё маъюб шуданд. Шумори зиёде низ як ё ҳар ду волидайни худро аз даст доданд ва амалан ё ба далели осебҳои рӯҳӣ ва ё ба далели иҷбор барои кор кардан, фурсати таҳсилро аз даст доданд.

 Абдуллоҳ Аннаъимӣ-намояндаи вазорати омӯзишу парвариши Яман 5 апрели 2020 гуфт:Тайи панҷ соли гузашта панҷ миллион донишомӯзи ин кишвар ба думболи ҳамлаҳои эътилофи саудӣ аз назари омӯзишӣ ва равонӣ осеб диданд. Ин дар ҳоле аст, ки мутобиқи маводи гуногуни конвенсиюни ҳуқуқи кӯдак-мусавваби ноябри 1989 ҳаққи омӯзиш яке аз муҳиммтарин ҳуқуқи як кӯдак аст, ки ғайриқобили инкор маҳсуб мешавад.

 Илова бар ин афроде, ки болои 18 сол доранд ва донишҷу ҳастанд низ аз ҷумлаи бахшҳое ҳастанд, ки дар асари ин ҷанг аз идомаи таҳсил маҳрум шуданд.

Муаллимон ва устодони донишгоҳ низ аз ҷумлаи гурӯҳҳои омӯзишӣ ҳастанд, ки дар асари ҷанг бо мушкилоти бисёре рубару шуданд ва ҷанг бар фаъолияти онҳо асари манфии зиёде гузоштааст.

ЮНИСЕФ дар гузориши январи 2020-и худ эълом кард, ки дар асари ҷанг ва ҳамчунин муҳосираи ҳамаҷонибаи Яман аз сӯи эътилофи саудӣ, маоши муаллимон дар 11 вилоят пардохт намешавад. Ин вазъият сабаб шуд шумори зиёде аз муаллимон ба корҳои дигаре, ки бо ҷойгоҳи иҷтимоии онҳо низ созгорӣ надорад, рӯй оварданд.

Аз байн рафтан ё вайронии мадрасаҳо ва ниҳодҳои омӯзишӣ низ дигар осеби муҳимме аст, ки ҷанги эътилофи саудӣ ба бахши омӯзишии Яман ворид кард.

Абдуллоҳ Аннаъимӣ-намояндаи вазорати омӯзишу парвариши Яман дар ин хусус эълом кард: Беш аз се ҳазору панҷсад таъсисоти омӯзишии Яман дар ҳамлаҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ хисорат дидааст, ки 402 таъсисот ба таври комил вайрон шуда, 1465 таъсисот хисорати ҷузъӣ  доштанд, 666 таъсисот баста шудааст ва 993 таъсисоти омӯзишӣ акнун барои скунати оворагон истифода мешавад.

 Таҳияи китобҳо ва лавозимоти хонишӣ низ ба як мушкил барои бахши омӯзиши Яман табдил шуд, зеро ин кишвар таҳти муҳосираи ҳамаҷонибаи эътилофи саудӣ қарор дорад ва ин эътилоф монеъи воридоти коғази китобҳои дарсӣ ва лавозимоти хонишӣ ба Яман мешавад.

Ба таври куллӣ метавон гуфт ҷанги эътилофи саудӣ алайҳи Яман мӯҷиби хисоратҳои инсонӣ (донишомӯз, донишҷу, муаллим ва мударриси донишгоҳ), хисоратҳои техникӣ шомили вайронии мактабҳо, донишгоҳҳо ва ниҳодҳои омӯзишӣ ва ҳамчунин камбуди шадиди китоб ва лавозими хониш дар асари муҳосираи ҳамаҷониба шуд.

 Нуктаи поёнӣ инки, агарчи ҳамаи паёмадҳои ҷанг сангин аст, аммо паёмадҳои омӯзишӣ шадидтар ҳастанд, зеро бо ояндаи кишвари даргири ҷанг ба хусус кишваре, ки дар ҷойгоҳи заифтаре қарор дорад, муртабит аст.