Шумори мубталоён ба корона дар Исроил ба марзи 10 ҳазор нафар расид
(last modified 2020-04-09T13:43:27+00:00 )
Апрел 09, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Шумори мубталоён ба корона дар Исроил ба марзи 10 ҳазор нафар расид

Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ аз афзоиши шумори мубталоён ба вируси корона дар Исроил ба 9 ҳазору 755 нафар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе бо эъломи ҷаддидтарин омори мубталоён ба бемории Ковид-19 дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин тасреҳ кард, теъдоди мубталоён ба вируси корона дар миёни саҳюнистҳо аз рӯзи гузашта, то кунун 351 маврид афзоиш дошта ва 165 нафар аз онҳо низ дар шароити вахим басар мебаранд.

Бар асоси ин гузориш, бо сабти 6 фавтии дигар, теъдоди афроде, ки бар асари корона дар Исроил ҷони худро аз даст додаанд ба 79 нафар расид.

Эъломи афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Исроил дар ҳоле аст, ки гузориши маҳрамонаи парлумони режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, ки ин режим барои муқобила бо вируси ҷадиди корона, таҷҳизоти дармонии кофӣ надорад.

Масъулони осоишгоҳҳо ва хонаҳои солмандон дар Исроил мегӯянд, ба далели бетаваҷҷӯҳии режими саҳюнистӣ ба ин маконҳо дар буҳбуҳаи густариши вируси корона, мизони маргу мири онҳо рӯ ба афзоиш аст.

 

Барчасп