Дархости Фаластин барои таваққуфи иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ
(last modified Mon, 13 Apr 2020 12:15:29 GMT )
Апрел 13, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • Дархости Фаластин барои таваққуфи иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ

Фаластин таваққуфи иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистиро хостор шуд.

Вазири хориҷаи Фаластин аз режими саҳюнистӣ хост то аз иқдомоти хасмонаи худ, алайҳи миллати Фаластин даст бардорад ва аз ҳар гуна фаъолите, ки мунҷар ба нобасомонии бештар мешавад, имтиноъ варзад.

Ба гузориши ИСНА, Риёз Ал Молкӣ, вазири хориҷаи Фаластин бар ҳимояти Фаластин аз ибтикори амали Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ барои таваққуфи оташбас ва лузуми поён додан ба низоҳои мусаллаҳона, аз ҷумла ишғолгариҳои Исроил ва ранҷҳо ва харобиҳое, ки барои мардум аз ҷумла занон, кӯдакон, афроди маълул ва оворагон ба бор овардааст, таъкид кард.  

Вай гуфт, ки ин дархости СММ дар хусуси таваққуфи ҳарчӣ сареътар ва бидуни шарти иқдомоти хасмона ва имтинои аз ҳар иқдоме аст, ки ба нобасомонии субот ва амният мунҷар мешавад. Ин дархост ҳамчунин бар лузуми расондани кумакҳо ба оворагон ва низ ба манотиқи муҳосира шуда ва ҳамчунин лузуми озодии боздоштшудагон дар сояи шуюи корона таъкид дорад.

Вазири хориҷаи Фаластин аз дабири кулли СММ ва Николай Меладинов, намояндаи вай хост то барои дархост аз Исроил ҷиҳати пойбандӣ ба ончӣ дар ин фарохони СММ матраҳ шудааст, талош кунанд то ҳарчӣ сареътар ва бидуни пешшарт, иқдомоти хасмонаи мудовими худ, аз ҷумла муҳосираи эъмол шуда бар навори Ғазаро мутаваққиф кунад.