Апрел 17, 2020 16:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳания хостори таҳарруки фаврӣ дар ҳимоят аз Фаластин шуд

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) телефонӣ бо нахуствазири Марокаш гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Исно, Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) ва Саъдуддин Усмонӣ, нахуствазири Марокаш дар ин тамоси телефонӣ дар мавриди охирин таҳаввулоти Фаластин, ба вижа дар сояи шуюъи вируси корона гуфтугӯ карданд.

Ҳания дар паёме ба Муҳаммади Шашум, подшоҳи Марокаш ба унвони раиси Кумитаи Қудс, аз тариқи Саъдуддин Усмонӣ хостори таҳарруки фаврӣ ва созанда ва ҳамкорӣ бо тамоми тарафҳо ба манзури бармало кардани абъоди тарҳҳои амрикоӣ- исроилӣ ва ҷилавгирӣ аз илҳоқи бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ ба арозии ишғолӣ шуд.

Вай таъкид кард, ки миллати Фаластин ба муқовимат ва дифоъ аз Қудси шариф ва сарзамини Фаластин идома хоҳад дод.

Тарафайн дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар мавриди се меҳвар баҳс ва табодули назар карданд. Нахуст таҳаввулоти марбут ба Қудс пас аз ҳарфу ҳадисҳо дар мавриди тасмими Амрико ва режими саҳюнистӣ барои иҷрои бандҳои “Момилаи қарн”, пешбурди сиёсати яҳудисозӣ ва шаҳраксозӣ ва эъмоли муҷозотҳои дастаҷамъӣ бар фаластиниён ва бар таваҷҷуҳе ба вазъияти саломат ва беҳдошти манотиқи фаластининишин дар сояи шуюъи коронавирус.

Дувумин масъала паёмадҳои шуюъи вируси корона барои миллати Фаластин, ба вижа дар навори Ғазза буд.

Ва масъалаи севум ҳам вазъияти оворагони фаластинб, ба вижа дар Лубнон, Сурия ва дигар кишварҳо буд.

 

 

 

 

 

Барчасп