Узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳ: Арабистон бо барги оташбас бозӣ мекунад
(last modified Mon, 20 Apr 2020 13:44:43 GMT )
Апрел 20, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳ: Арабистон бо барги оташбас бозӣ мекунад

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт, ки иттилооти мо ва рухдодҳои майдонӣ нишон медиҳад, Арабистони Саудӣ бо эъломи оташбас ба думболи хариди замон аст.

Ба гузориши Форс, Алӣ Ал Имод, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳ гуфт, ки додаҳои иттилоотӣ ва рухдодҳои майдонӣ нишонмедиҳад, ки ҳадафи Арабистони Саудӣ ба думболи хариди замон аст ва ин кишвар бо барги оташбас бозӣ мекунад.

Алӣ Ал Имод гуфт, ки Арабистон дар муддатзамони оташбас иддаое худ чаҳор ҷабҳа эҷод карда, ки ҷабҳаи аслӣ дар Маариб ва Ал Ҷавф, Таъиз аст ва ҷабҳаи дигаре дар меҳвари устони Ал Бизоъ эҷод карда ва акнун дар тадоруки эҷоди ҷабҳаи ҷадид дар минтақаи Макирос дар Ал Бизоъ аст.

Ӯ афзуд, ки дар давраи ахир ба думболи пирӯзиҳои артиши Яман дар Ниҳим ва Ал Ҷавф, артиш ба самти озодсозии устони Маариб пеш рафт ва дар пайи ин таҳаррукот нирӯҳои мутаҷовизи Саудӣ расонаҳои худро ба кор гирифта ва ҳатто дипломатҳо, миёнҷигарон ва рӯзноманигорони худро барои миёнҷигарӣ ҷиҳати мутаваққиф кардани пешравиҳои артиши Яман эъзом карданд.

Ал Имод тасреҳ кард, ки миёнҷигариҳо ва гуфтугӯҳо бо ҳама аъзои дафтари Ансоруллоҳ ба таври бесобиқае сурат гирифт ва ҳатто фиристодаи Созмони милал шахсан ба Маариб, Санъо ва Риёз омад ва бо Абдулмалик Ал Ҳусӣ, дидор ва дар ин бора гуфтугӯ кард ва Абдулмалик низ бори дигар тарҳеро ироа кард бо вуҷуди инки тамомии тарҳҳои қаблӣ дар бораи Маариб нодида гирифта шуданд.