Ҳамос: Барои табодули асирон мо омодаем
Ҷунбиши Ҳамос аз табодули асирон бо режими саҳюнистӣ эъломи омодагӣ кард.
Ба нақл аз ИСНА, Моҳир Абид, узви дафтари сиёсии Ҳамоси муқими хориҷ эълом кард: Ҳеҷ тамоси воқеӣ вуҷуд надорад ва ҳеҷ миёнҷие аз сӯи ишғолгарон, маъмури баррасии мавзӯъ ба шакли воқеӣ ва коромад то ин лаҳза нашудааст.
Вай изофа кард: Мо омода ҳастем ва омодагии худро эълом кардем ва тарҳе сареҳ ва возеҳ додем ва ба таври густурда ва ҷиддӣ дар чорчӯби озодсозии афроди синнашон боло, занон, беморон ва маълӯлон талош мекунем ва ин асли тарҳи мо то расидан ба умури дигар аст.
Ин узви Ҳамос таъкид кард, ки дар Исроил то кунун ҳеҷ давлате, ки қодир ба тасмимгирӣ бошад, вуҷуд надошта ва парванда аз солҳо пеш ба далели мавзеъгириҳои сарсахтона ва султаҷӯёнаи ишғолгарон рокид мондааст.