Олмерт: Натанёҳу дунболи ҷанг аст / Барои амнияти Исроил ба Ғӯри Урдун ниёзе надорем
(last modified 2020-06-12T15:33:27+00:00 )
Июн 12, 2020 20:33 Asia/Dushanbe
  • Олмерт: Натанёҳу дунболи ҷанг аст / Барои амнияти Исроил ба Ғӯри Урдун ниёзе надорем

Нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ, нахуствазири феълии ин режимро ба ҷангафрӯзӣ дар минтақа муттаҳам кард.

Ба гузориши ИСНА, Иҳуд Олмерт гуфт: “Онҳо мегӯянд илҳоқи Ғӯри Урдун барои Исроил як зарурати амниятӣ аст. Мехоҳам бигӯям ин ҳарфи музахраф аст. Мо барои таъмини амнияти Исроил ба Ғӯри Урдун ниёзе надорем ва метавонем бидуни Ғӯри Урдун амнияти марзҳои худро ҳифз кунем ва касоне, ки мегӯянд Ғӯр барои барқарории амният муҳим аст, ба мардум дурӯғ мегӯянд. Ман ба унвони як исроилӣ ва нахуствазири собиқ инро мегӯям”.

Олмерт афзуд: “Дар замони нахуствазирии худ бо Абдуллоҳи дувум, подшоҳи Урдун ба ин тавофуқ расидам, ки бидуни хуруҷ аз Ғӯри Урдун наметавонем ихтилофи худро бо фаластиниҳо ҳал кунем. Дар он замон аз подшоҳи Урдун пурсидам: оё метавонад нерӯҳои НАТО-ро дар марзҳои муштараки заминҳои ишғолӣ мустақар кунад то пеши интиқоли сокинон ва тағйири бофти ҷамъиятӣ гирифта шавад? Малик Абдуллоҳ ҳам қабул кард. Сипас давлати Амрикоро дар ҷараёни мавзуъ қарор додам ва мувофиқати Ҷорҷ Буш ва давлаташро гирифтам”.

Вай идома дод, Натанёҳу тамоми мухолифони сиёсии худро хоин ва чапгаро тасаввур мекунад, ки омода ҳастанд аз ҳама чиз ва аз амнияти Исроил бигзаранд. Ӯ ба ҷанг бо полис, додситонӣ ва дастгоҳи қазоӣ бархостааст. Ин иқдоми бесобиқа муҷиби эҷоди дудстагӣ ва тарсу ваҳшат мешавад. Ҳамон тавр ки дар мавзӯи муқобила бо вируси корона мулоҳиза шуд.

Аммо ҳизби Лекуд ба раёсати Натанёҳу ба ин изҳороти Олмерт вокуниш нишон дода ва онҳоро ғайримасъулона унвон кард.