Июн 22, 2020 18:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ ва боздошти  18 шаҳрванди Фаластин

Низомиёни саҳюнистӣ имрӯз (душанбе) дар идомаи силсилаи иқдомоти худ як қатор ҷавонони фаластиниро дар чаҳорчӯби тазоҳурот алайҳи фаластиниён тавассути ҳамла ба Қудс ва Каронаи Бохтарӣ дастгир карданд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба наҷл аз Исна, неруҳои режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба Каронаи Бохтарӣ ва даргирӣ бо фаластиниҳо дар маҷмӯъ 18 ҷавони фаластиниро дастгир карданд.

Нерӯҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунин ду шаҳрванди фаластиниро дар шаҳраки "Ал-қадима"дар маркази Ал-Халил боздошт карданд ва онҳоро ба макони номаълум бурдаанд, гуфтааст манбаъҳои амнияти Фаластин.

Илова бар ин, нерӯҳои саҳюнистӣ рӯзи якшанбе ба шаҳри Қудс ҳамла карданд ва посбонҳоро дар масҷиди Ал-Ақсо ва чанд ҷавонони дигарро боздошт карданд. Ҳанӯз сабабе барои боздошти фаластиниён маълум нест.

Барчасп