Боздошти ду саркардаи ДОИШ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i54797-Боздошти_ду_саркардаи_ДОИШ_дар_Афғонистон
Дафтари раиси вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон аз боздошти ду саркардаи гурӯҳи террористии ДОИШ дар ин вилоят хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 24, 2020 06:25 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду саркардаи ДОИШ дар Афғонистон

Дафтари раиси вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон аз боздошти ду саркардаи гурӯҳи террористии ДОИШ дар ин вилоят хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово, Дафтари раиси вилояти Нангарҳор дар баёнияе эълом кард, ин ду саркардаи гурӯҳи такфирии ДОИШ ба номҳои Неъматуллоҳ ва Саидулраҳмон дар ҳамлаи рӯзи сешанбеи неруҳои амниятии Афғонистон дар шаҳристони Беҳсуди ин вилоят боздошт шуданд.

Аз се моҳи қабл то кунун даҳҳо тан аз саркардагони баландпояи гурӯҳи террористии ДОИШ аз ҷумла Абдуллоҳ Уракзай машҳур ба Аслами Форуқиӣ, саркардаи ин гурӯҳ бо 19 тан аз ҳамроҳонаш дар амалиёти печидаи неруҳои амнияти миллии Афғонистон боздошт шуданд.  

Гурӯҳи террористии ДОИШ бо ҳимояти Амрико дар солҳои ахир ҷиноятҳои зиёдеро дар Афғонистон муртакиб шудааст, ки ба кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар аз мардуми ин кишвар мунҷар шудааст.