Нигаронии дипломатҳои амрикоӣ аз ноамн шудани пойтахти Арабистон
(last modified Wed, 24 Jun 2020 09:51:15 GMT )
Июн 24, 2020 14:51 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии дипломатҳои амрикоӣ аз ноамн шудани пойтахти Арабистон

Пас аз ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба пойтахти Арабистон, дипломатҳо ва маъмурони амрикоии мустақар дар ин кишвар аз ноамниҳо ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии ямании 26 сентябр, нигаронии дипломатҳо ва маъмурони амрикоии мустақар дар Риёз пас аз чаҳорумин "амалиёти боздоранда"-и Яман дар умқи хоки Арабистон ошкор шуда ва онон аз шаҳрвандони амрикоӣ дар Арабистон хостаанд ҳангоми ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоии яманиҳо бо пинҳон шудан дар нуқтаҳои амн ҷони худро ҳифз кунанд.

Неруҳои мусаллаҳи Яман чаҳорумин амалиёти «муқобила ба мисл»- ро, ки аз он бо унвони «таодули боздорандагӣ» ёд мекунад бомдоди сешанбе дар хоки Арабистон анҷом дод ва бар асари он, Риёз- пойтахти ин кишвар бо теъдоде мушаки балстик ва паҳпод мавриди ҳамла қарор гирифт.  

Мақомоти саудӣ муддаӣ шуданд, ки дифои ҳавоии ин кишвар се мушак ва ҳашт паҳподи артиш ва кумитаҳои мардумии Яманро раҳгирӣ ва тарконданд, аммо бархе фаолони арабистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо иштироки филмҳое, аз чандин таркиши шадид дар шимоли Риёз  хабар доданд.