Қатъи дарахтон дар марзи Исроил ва Лубнон ва эҳтимоли шуълавар шудани ҷанг
(last modified 2020-06-30T09:17:27+00:00 )
Июн 30, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Қатъи дарахтон дар марзи Исроил ва Лубнон ва эҳтимоли шуълавар шудани ҷанг

Қатъи дарахтон дар марзи Исроил ва Лубнон боиси шуълавар шудани ҷанг хоҳад шуд.

Дарахтоне дар канори деворҳои бутунӣ дар марзҳои заминҳои ишғолӣ бо Лубнон рӯйидаанд ва қад кашидаанд, монеи диди камераҳои назоратии исроилӣ мешаванд, ки дар имтидоди ин марзҳо кор гузошта шудаанд ва ин амр боиси нигаронии Исроил шуда ва Тел-Авивро борҳо ба қатъи бархе аз ин дарахтҳо водоштааст ва ин амр эҳтимол дорад мунҷар ба эҷоди таниш миёни ду тараф шавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, Созмони Миллал ба унвони воситагар талош дорад монеи вуқуи даргирӣ миёни ду тарафи лубнонӣ ва исроилӣ шавад ва сухангӯи неруҳои муваққати Созмони Миллал дар Лубнон (ЮНИФЕЛ) гуфт: Қатъи шохаҳои дарахт дар инҷо эҳтимол дорад мунҷар ба ҷанг шавад.

Танишҳо фақат ба хотири қатъи дарахтҳо нест, балки рӯи касоне, ки онҳоро мекоранд ҳам тамаркуз доранд ва Исроил, Созмони "сабзи бидуни марз" (ҷамъияти мсъули дарахткорӣ дар ҷануби Лубнон ва назорати доим бар фазои сабзи ин кишвар)-ро ба ҳамдастӣ бо Ҳизбуллоҳ муттаҳам карда, ки тарҳҳои дарахткориро дар маконҳое, ки ин ҳизб барои зери назар гирифтани Исроил мушаххас карда, иҷро мекунад.

Сентябри гузашта муборизони Ҳизбуллоҳ аз пушиши дарахтон дар наздикии марзҳо барои партоби се мушаки зиддитанка ба гашти низомии Исроил истифода карданд, ки дар ҳоли гаштзанӣ дар марзҳои Исроил ва Лубнон маъруф ба Хатти обӣ буд.

Масъулони исроилӣ гузориш доданд, ки Исроил монеи кошти дарахтҳо дар марзҳо аз тарафи Лубнон намешавад, аммо ба ин шарт, ки ин дарахтҳо монеи диди камераҳои назоратии мутааллиқ ба онҳо нашаванд ва Исроил, Лубнонро пас аз кошти дарахтони баландқомат ба поймолсозии ин тавофуқ муттаҳам кард.

Яке аз баҳсбарангезтарин маконҳои Созмони "сабзи бидуни марз" доманаи теппа ё кӯҳе аст, ки дар онҷо дарахтони зайтун, санавбар ва арча ва як пости дидабонӣ вуҷуд дорад, ки рӯ ба масире аст, ки тавассути гаштиҳои низомии Исроил дар саросари ҳисори марзӣ истифода мешавад. Масъулони исроилӣ хостори қатъи ин дарахтон ба далели поймолсозии мусаввабаҳои Созмони Миллал шудаанд.

Артиши Исроил муддаӣ шуд, ки Ҳизбуллоҳ аз ин минтақа барои ҳафри нақб истифода мекунад, ки аз шаҳраки Ромияи Лубнон то шаҳраки Зорит- заминҳои ишғолӣ имтидод меёбад.