Июл 19, 2020 09:39 Asia/Dushanbe
  • Тағйир дар таркиби ҳайати музокиракунандаи Толибон бо давлати Афғонистон

Манбаъҳои хабарӣ аз бархе тағйирот дар мудирияти ҷанги Толибон дар Шурои кумита ва ҳайати музокиракунандаи ин гуруҳ дар Қатар хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово, Толибон Мулло Яъқуби 30 сола фарзанди Мулло Умар- саркардаи ҳалокшудаи ин гуруҳро ба унвони масъули низомӣ таъйин ва чаҳор узви Шурои раҳбарии Толибонро низ ба тими музокиракунандаи 20 нафарии худ ворид кардааст.

Бар асоси ин тағйирот номи Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ аз ин тим ҳазф шуда ва Мавлави Абдулҳаким ва Мавлавӣ Соқиб низ узви тими музокиракунанда шудаанд.

Гуфта мешавад ин тағйирот бо ҳадафи назорат доштани бештари Мулло Ҳабатуллоҳ Охундзода- саркардаи Толибон бар бахши низомӣ ва сиёсии ин гуруҳ анҷом гирифтааст.

Ашраф Ғанӣ- раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар Ғазнӣ таъкид карда буд, то замоне, ки Толибон сарнавишти неруҳои давлатии зиндониро маълум накунад, музокироти сулҳ бенатиҷа хоҳад буд.

 

Барчасп